- майдон
- [ميدان]1. замини васеъ, ялангӣ, ҷои кушоду фарох барои ҷамъомади одамон, гузаронидани машқ, аспдавонӣ ва ғ. ; арса: майдони машқ, майдони рақс; майдони кор арсаи кор2. дарахтзори мевадор, боғ3. маҷ. ҷавлонгоҳ4. маҷ. ҷанггоҳ, маҳалли корзор; ҷабҳа; ҷанг; рӯзи майдон рӯзи набард; майдони кишт киштзор, масоҳате, ки дар он кишт мешавад, майдони пахта киштзори пахта, замини кишти пахта; майдони тиррас ҷое, ки бинобар монеа надоштан тир ба ҳадаф мерасад; майдони ҷанг ҷои вуқӯи ҷанг, ҷои бо ҳам рӯбарӯ шудани ду тарафи ҷангкунанда; ба майдон рафтан ба ҷанг (ба корзор, ба ҷабҳа) рафтан; марди майдон марди ҷангӣ; далер, шуҷоъ; майдон додан роҳ додан, имкон додан ба касе ба кардани он чи мехоҳад; ба майдон овардан а) тарзи бавоситаи ба майдон омадан, ба вуҷуд овардан; б) ба миён гузоштан, матраҳ кардан (масъалаеро); ба майдон омадан пайдо шудан, ба вуҷуд омадан; як майдон тохтан як давра тохтан гирди майдон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.